АЗ ТАЪРИХИ БУНЁДИ БЕМОРИСТОНҲО ДАР МОВАРОУННАҲРУ ХУРОСОН ДАР ҚУРУНИ ВУСТО
Таърих ва фаъолияти бемористонҳо ва мадориси тиббии қуруни вустои Хуросону Мовароуннаҳр баррасӣ шудааст. Ташкили мадориси тиббию бемористонҳо, инчунин тарзи гузаронидани озмунҳои довталабони соҳаи тиб, дастмузди пизишкон дар китоби Авесто, сабабҳои сохтмони бемористонҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Инчунин маънои вожаи бемористон, сабабҳои сохтмони шаҳри Ҷундишопур, вожаи Ҷундишопур, бино намудани мадрасаю бемористони Ҷундишопур , густариш ва ташаккули бемористони номбурда, раисону табибони ин бемористон мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд. Ба ғайр аз ин нақши дастпарварони бемористони Ҷундишопур дар Хилофати Араб, намудҳои бемористонҳои он давра: собит ва сайѐр, аввалин бор дар ҷаҳон пайдоиши омӯзиши бемориҳои хусусияти баҳрнавардидошта дар бемористони Ҷундишопур ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Бар замми масъалаҳои бемористони Рашид, бемористони Бармакӣ, бемористонҳои Мовароуннаҳру Хуросон дар давраи ҳукмронии Сомониѐн,,, бемористонҳои Низомия ва хусусиятҳои онҳо таҳқиқ гардидаанд. Ҳамчунин доир ба сарпастони бемористонҳо низ маълумот дода шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 91, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП