Central AsianResearch Index

АЗ ТАЪРИХИ БА САРИ ҚУДРАТ РАСИДАНИ СОМОНИЁН ДАР МОВАРОҲУННАҲРУ ХУРОСОН

Дар мақолаи мазкур муаллиф дар асоси маъхазҳо ва хулосаи олимони ватанӣ таърихи ба сари қудрат расидани Сомониѐн баррасӣ менамояд. Аз ҷумла муаллиф қайд менамояд, ки Сомониѐн нахустин силсилаи намояндагони халқи тоҷик буданд, ки пас аз суқути Бармакиѐн мавриди эътимоду пуштибонии халифаҳои аббосӣ гардиданд. Яке аз хизматҳои бузургтарини онҳо ин бунѐди давлати мутамарказ ва тавассути низоми идории қавӣ нигоҳ доштани он буд. Табиист, ки Сомониѐн низоми идории худро тавассути таҷрибаи давлатдории пешинаи аҷдодони тоҷик идома медоданд. Аммо бештари хонадонҳои минбаъдаи ҳукмрон, ки ин усули давлатдориро қабул кардаанд, онро бо номи Сомониѐн алоқаманд менамуданд. Давлати Сомониѐн аввалин давлати миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки дар таъсиси он нақши намояндагони ин хонадон аз ҷумла Исмоил ва Насри Сомонӣ бузург буда, замони салтанати онҳоро давраи гул-гулшукуфӣ меноманд. Таҷрибаи давлатдории онҳоро сулолаҳои минбаъдаи минтақа истифода бурданд.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 2, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
3079-1758
Издатель
Таджикский педагогический институт в Раштском районе