Central AsianResearch Index

АЗ ГУЗАШТАИ ДУРИ ЯК ВОЖАИ НОШИНОХТАИ АШЪОРИ РӮДАКӢ

Як вожаи куҳани дар ашъори Рӯдакӣ ва баъзе адибони даврони асримиёнагӣ истифодашуда-афдум \ бофдум таҳлил гардидааст. Дар натиҷаи муқоисаи гузаштаи дури афдум \ бофдум бо шакли дар замони Рӯдакӣ маъмулаш хулоса шудааст, ки сарчашмаи калимаи мазкур apatama-и забони эронии бостон ба маънои «охирин, ниҳоӣ» буда, дар натиҷаи тағйироти сохтории дар забони порсӣ рухдода он ба гунаи афдум \ бофдум бадал шудааст. Дар фарҳангномаҳои даврони асримиёнагиву муосир шаклҳои мухталифи афдум\ бофдум дучор шуда, соҳибони чунин осор маънои онро гоҳ ба таври мухтасар ва гоҳ муфассал шарҳ додаанд. Зикр гардидааст, ки аз байни ҳафт шакли вожаи мавриди таҳлил, ки муаллифони луғатномаҳои куҳану муосир зикр намудаанд, гунаи афдум ба асли бостонии он apatama наздикӣ дошта, бо дигаргунии ҷузъӣ дар осори ниёгон ба кор рафтааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 94, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП