Central AsianResearch Index

АЙНӢ ВА МАСЪАЛАИ ВОРИСИЯТИ МИЛЛӢ

Ин мақола ба таҳқиқи нақши нависандаи барҷастаи тоҷик ва ходими ҷамъиятӣ Садриддин Айнӣ дар раванди ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар мақола масъалаҳои ташаккули аҳли зиёи тоҷик, муборизаи он барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ва забон дар шароити нооромиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии он замон баррасӣ мешавад. Диққати махсус ба таҳлили фаъолияти Айнӣ дар давраи баъди Инқилоби октябр дода мешавад, ки дар он вақт дар назди халқи тоҷик масъалаи худмуайянкунӣ ва ҳифзи ҳувияти миллии худ ба миён омада буд. Дар мақола нишон дода шудааст, ки чӣ гуна Айнӣ, сарфи назар аз муқовимати неруҳои пантуркистӣ ва панисломистӣ, ҳуқуқи халқи тоҷикро ба фарҳанг , забон ва таърихи худ ҳимоя кардааст. Махсусан, ӯ бо китобаш “Намунаи адабиёти тоҷик ” ба даъвои беасоси нотавонбинони миллат нуқта гузошта, ба лабони онҳо муҳри хамушӣ зад. Муаллифон ба хулосае меоянд, ки Айнӣ дар ташаккули худшиносии миллии тоҷикон, дар ҳифз ва рушди мероси фарҳангии онҳо нақши калидӣ бозидааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3 (116)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни