Central AsianResearch Index

АВЗОНИ ҚИТЪАОТ ВА РУБОЁТИ ВОИЗИ ҚАЗВИНӢ

Вазн аз унсурҳои муҳимми каломи манзум маҳсуб меёбад. Дар ин мақола доир ба ин унсури муҳимми шеъри тоҷикӣ, дар мисоли вазни қитъа ва вазни рубоӣ баҳс шудааст. Бо далелҳои мушаххас ва таҳлилҳои амиқ собит шудааст, ки ҳар як жанри шеъри тоҷикӣ вазни хоси худро дорад. Масалан, қитъа вобаста ба муҳтавои худ ванзҳои нарм, хушоҳангу ва дилнишинро дар худ меғунҷонад. Воизи Қазвинӣ дар эҷоди қитъа аз вазнҳои хушу ба мусиқӣ ҷури арӯзӣ васеъ кор гирифтааст. Дар муқаттаоти шоирӣ бештар авзони ҳазаҷ, рамал ва мутақориб истифода шудааст. Аз ҳама муҳиммаш дар қитъаҳои шоир вазн ба муҳтаво мувофиқ интихоб шудааст. Рубоӣ бошад, вазни муайян ва меъёрӣ дорад. он ҳамеша бо ҳиҷои дароз оғоз меёбад ва аз чор рукн иборат мебошад. Авзони рубоӣ дар доираи шаҷараи ахраб ва ахрами баҳри ҳазаҷ фароҳам омадааст. Воизи Қазвинӣ дар рубоиёти худ аз авзони меъёрии рубоӣ ва аз авзони шаҷараҳои мазкур васеъ истифода намудааст. Воизи Қазвинӣ дар як рубоӣ тавонистааст, ки авзони шараҷаи ахраб ва ҳам ҳам авзони шараҷаи ахрамро ба кор барад. Натиҷаи ин ки Воизи Қазвинӣ бо қитъаву рубоиёти худ дар идомаёбии суннати қитъасароӣ ва рубоисароии классикӣ саҳми намоён гузоштааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни