АВЗОИ ФАРҲАНГӢ ВА ВАЗЪИ ШЕЪР ПАС АЗ СОЛИ 1953 ДАР ЭРОН
Дар мақола вазъи фарҳангӣ ва равандҳои рушди шеъри форсии Эрон пас аз табаддулоти низомии соли 1953 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф таъсири амиқи буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоиро ба ҷаҳонбинии шоирон ва мазмуну муҳтавои шеъри муосир таҳлил менамояд. Нишон дода мешавад, ки шикасти наҳзати миллӣ боиси пайдоиши ҳолатҳои навмедӣ , маргандешӣ ва гурез аз воқеият дар эҷодиёти шоирон гардид. Ҳамзамон, шаклгирии равияҳо ва гурӯҳҳои гуногуни адабӣ, рушди шеъри нав , таъсири адабиёти ғарбӣ ва нақши маҷаллаву нашрияҳо дар густариши адабиёти муосир таъкид мешавад. Мақола шеъри ин давраро ҳамчун бозтоби вазъи мураккаби сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи Эрон арзёбӣ менамояд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан