Central AsianResearch Index

ҲАВЗАҲОИ ЗАБОНӢ ВА ТАҲАВВУЛОТИ ЛУҒАВИЮ МАЪНОИИ ВОЖАҲО

Дар ашъори устод Шамсиддин Шоҳин, яке аз намояндагони машҳури адабиёти тоҷики охири XIX ва ибтидои садаи XX, калима ва таркибҳое (тоҷикӣ-форсӣ ва иқтибосӣ ғолибан арабӣ) ба назар мерасанд, ки барои ҳамаи форсизабонони замони зиндагии ӯ умумӣ буданд. Аммо вобаста ба омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ воҳидҳои луғавӣ ба таҳаввулот рӯбарӯ шуданд: бисёре аз онҳо бо мафҳумҳои пешини худ дар форсии Эрон боқӣ монданд, бархе дар дарӣ (-и Афғонистон) ва забони тоҷикӣ тағйири маъно карданд ё ҷойи худро ба унсурҳои дигар доданд. Мо мақсад гузоштем, ки тавассути ин мақола дар заминаи маводди забони ашъори Шамсиддин Шоҳин оид ба ин масъала мулоҳизаҳои худро баён намоем.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4 (117)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни