Central AsianResearch Index

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ АНДОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шароити муосир яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати андоз ҳавасмандгардонии андозии фаъолияти сармоягузории субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоб меравад. Масъалаи ҳавасмандгардонии андозии фаъолгардонии сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Нишон дода шудааст, ки дар сурати нокифоягии захираҳои молиявӣ ҳавасмандгардонии андозии фаъолгардонии сармоягузорӣ механизми муҳимме маҳсуб меёбад, ки ҷалби сармояро ба кишвар вусъат медиҳад. Асоснок карда шудааст, ки нақши воситаҳои андозии фаъолгардонии сармоягузорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ махсусан дар шароити таъсири рӯзафзуни омилҳои иҷтимоиву иқтисодии муҳити берунӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Афзалиятҳо ва вазифаҳои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, тавсияҳо оид ба такмили механизми андоз ба мақсади тақвияти сармоягузорӣ дар иқтисодиёти миллӣ таҳия шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 106, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП