Central AsianResearch Index

АУДИТИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТӢ ДАР ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

Дар мақолаи мазкур муҳиммияти нақши аудити стратегии давлатӣ дар иқтисоди рақамӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст Аудити стратегӣ дар шароити мавҷудияти пойгоҳҳои глобалии рақамии додаҳо ва таҳлили низоми иҷтимоию иқтисодӣ мазмуни сифатан навро касб менамояд. Дар шароити таҳлили воқеиятҳои ташаккулёфтаи равандҳои такрористеҳсолӣ, санҷиши асоснокии арзишҳои параметрҳои рушди стратегии дарозмуддати иҷтимоию иқтисодӣ қаблан бар моделҳои имитатсионии омилӣ, ҳисобу китобҳои мантиқию параметрии нишондиҳандаҳои пешгӯишавандаи фаъолияти низомҳо нишондиҳандаҳои пешгӯишудаи фаъолияти система бо назардошти самти мақсаднок асос ёфтааст. Иқтисоди рақамӣ мазмуни моҳиятии стратегияҳои рушди низоми иҷтимоию иқтисодиро тағйир медиҳад. Имкониятҳо ва ҷанбаҳои нави пешгӯӣ, банақшагирӣ ва идоракунӣ дар платформаи сифатан нави рақамӣ, ки ҷамъбасти ҳаҷми азими иттилоотро таъмин менамояд, ба вуҷуд меоянд. Аудити стратегии давлатӣ дар раванди ҷамъбасти мушкилоти рушди иқтисоди рақамӣ бояд пеш аз ҳама ба самтҳои фаъолияти идоракунӣ , истеҳсолӣ, хоҷагии хонаводагӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ ва дигар намудҳо диққат диҳад, ки то ин дам таваҷҷуҳи зарурӣ ба онҳо ҷалб нашуда буд, зеро танҳо платформаҳои шабакавии мувофиқ барои ҳамкории иҷтимоию иқтисодӣ ва танзими равандҳо ба тадриҷ қудрат мегиранд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан