Central AsianResearch Index

АУДИТИ ДАВЛАТӢ ВА РОҲҲОИ ТАКМИЛИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи илмӣ мубрамияти аудити бахши давлатӣ оварда шуда, қайд карда мешавад, ки баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як давлат мебошад. Аз нигоҳи муаллифон аудити давлатӣ дар баробари санҷиши ҳисоботи муҳосибӣ арзёбии сатҳи самаранок истифодабарии захираҳои молиявӣ ва ҳамоҳанг намудани ҳадафҳои мақомоти ваколатдори аудити давлатӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлатро фаро мегирад. Муаллифон қайд менамоянд, ки яке аз заминаҳои устувори ташаккули методологии аудити давлатӣ қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа мебошад. Қайд карда мешавад, ки истифодаи стандартҳои байналмилалии мақомоти олии назорати давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб дурнамои рушди аудити давлатиро таъмин карда метавонад. Дар мақола, инчунин, қайд карда шудааст, ки Палатаи ҳисоб дар таҳияи стандартҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, имконияти татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёриро дар сатҳи миллӣ ва ҳамоҳанг кардани онҳоро ба низоми мавҷудбудаи стандартҳои аудит дорад. Дар мақолаи илмӣ муаллифон самтҳои муҳими аудити молиявӣ , самаранокӣ ва мувофиқатро нишон дода, қайд кардаанд, ки чорабиниҳои санҷишии аудити молиявӣ бояд ба самти ошкор кардани таҳрифоти назарраси маълумоти молиявӣ равона карда шавад. Аудити самаранокӣ бошад, бо мақсади арзёбии фаъолияти муассиса аз нуқтаи назари самаранокӣ ва самарабахшии кори он бояд амалӣ карда шавад. Дар мақола мафҳуми аудити самаранокӣ аз нигоҳи олимони хориҷӣ ба низом дароварда шуда, мавқеи муаллифон низ дар ин самт бо чунин мазмун пешниҳод карда шудааст: аудити самаранокӣ , ин санҷиши самаранок истифодабарии воситаҳои давлатӣ дар муассисаҳои низоми буҷетӣ мебошад, ки бо роҳи баҳодиҳӣ ба сатҳи маҳсулнокию натиҷанокии истифодабарии онҳо бо татбиқи чорабиниҳои санҷишӣ-баҳодиҳӣ ва таҳлилию ташхисӣ амалӣ карда мешавад. Дар қисмати ҷамъбастии мақола оварда шудааст, ки аудити бахши давлатӣ дар марҳилаи нави рушд қарор дорад ва тамоюли пешрафт ва рушди минбаъдаи методологияи он то дараҷае аз таҷрибаи байналмилалӣ вобаста мебошад. Роҷеъ ба рушди ояндаи аудити бахши давлатӣ, нуқтаи назари муаллифон дар самти такмили асосҳои методологии ташкил ва гузаронидани санҷишҳо пешниҳод карда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (28)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет