АСОСҲОИ ЗАРУРАТИ ЊАВАСМАНДГАРДОНИИ МЕЊНАТИ КОРГАРОН (НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯ)
Дар мақолаи мазкур масъалаҳои ҳавасмандгардонии меҳнати коргарон дар асоси адабиёти иқтисодии ватанию хориҷӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Инчунин, зимни омӯзиши масъалаи мазкур шарҳи пурраи ҳавасмандгардонии меҳнати коргарон аз тарафи муаллиф пешниҳод гардидааст. Дар раванди таҳлил, татбиқи усулҳои ҳавасмандии ду гурӯҳи калони онҳо, ба монанди ҳавасмандӣ тибқи воситаҳои пулӣ ва ғайрипулӣ омӯхта шудааст. Моҳияти иқтисодию иҷтимоии ҳавасмандгардонї ва таъсири онҳо ба ташаккулёбии дороиҳои молиявии коргарон арзёбї карда шудааст. Инчунин, раванди афзун гардидани музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор дода шудааст, ки яке аз усулҳои иқтисодии ҳавасмандӣ маҳсуб меёбад. Дар раванди омӯзиши масъалаҳои ҳавасмандгардонї принсипҳои таҳия ва татбиқи онҳо таҳлил гардиданд, ки бояд ҳар як корхонаву ширкатҳои тиҷоратӣ ин принсипҳоро риоя намоянд. Барои таҳия, татбиқ ва такмили низоми ҳавасмандгардонии меҳнати коргарон якчанд тавсияҳо пешниҳод карда шудааст, ки татбиқи амалии онҳо ба сатҳу сифати ҳавасмандии меҳнати коргарон дар корхонаву муассисаҳо таъсирбахш мебошанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 3 (32)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет