АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ НИЗОМИ ПЕНИТЕНСИАРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақола ба таҳлили асосҳои ҳуқуқии низоми пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар мақола санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва муносибати онҳо бо стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба таври мукаммал, инчунин, сарчашмаҳои асосии танзими ҳуқуқии низоми пенитенсиарии ҷумҳурие, ки башардустонаи шароити нигоҳдорӣ, коҳиши такроршавӣ, ҷорӣ кардани ҷазоҳои алтернативӣ ва навсозии инфрасохторро пешбинӣ мекунанд, баррасӣ карда мешаванд. Муаллифон масоили мубрами низоми пенитенсиарии Тоҷикистонро қайд намуда, оид ба мутобиқсозии минбаъдаи қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои бай-налмилалӣ таклифҳои худро пешниҳод менамоянд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · № 3 (71)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2412-141X
- Издатель
- Академия Министерства внутренних дел Республики Таджикистан