АСОСҲОИ ПСИХОЛОГИИ МУОШИРАТИ ПЕДАГОГӢ
Дар мақолаи мазкур муоширати педагогӣ ҳамчун қисми таркибии фаъолияти омӯзгорӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар мақола моҳияти муоширати педагогӣ аз мавқеи раҳёфтҳои гуногуни илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо ва вижагиҳои он муайян карда шудааст. Муаллиф моҳияти ин падидаро ҳамчун ҳамкории иҷтимоӣ-психологии байни омӯзгор ва донишҷӯён арзёбӣ намуда, нақши онро дар танзими ҳамкории байни омӯзгору шогирдон мавриди таҳлил қарор додааст. Муайян гардидааст, ки яке аз меъёрҳои самаранокии муоширати педагогӣ ин пайдо намудани муҳити солими педагогӣ мебошад.Инчунин, дар мақола моҳияти услуби муоширати педагогӣ ҳамчун унсурҳои муҳими таъминкунандаи самаранокии фаъолияти омӯзгор, қувватбахшандаи муошират ошкор гардида, намудҳои он мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3105-9228
- Издатель
- Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан