Central AsianResearch Index

АСОСҲОИ ПСИХОЛОГӢ-ПЕДАГОГИИ ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ КӮДАКОНИ ХУРДСОЛ ТАВАССУТИ СУРУДҲОИ НАВОЗИШӢ

Тарбияи кӯдак тавассути жанрҳои хурди фолклорӣ пайваста такомул ёфта, даврабандии муҳаққиқони гуногунсоҳаро дарбар хоҳад кард. Равоншиносон ин тамоилро аз нигоҳи хеш баррасӣ мекунанд ва педагогҳо бошанд, аз дидгоҳи муосири хеш ба он баҳо медиҳанд. Фолклоршиносон низ даврабандии мушаххасро пешниҳод мекунанд, аммо вижагии аслии ин даврабандӣ бо марҳилаи инкишофи физиологии кӯдак ҳамоҳанг аст. Ҳамагон барои навзод силсилаи суруду таронаҳои “Алла”-ро тавсия дода, ниёзи равонии тифлро бо садои модар таъкид месозанд. Қариб то 2 солагӣ барои кӯдак шеърҳои навозиширо пешбинӣ менамоянд, ки онҳо ба ташаккули ҳисси амният ва муҳаббат замина мегузоранд. Шуруъ аз синни сесолагӣ кӯдак ба ҳифзи суруду таронаҳо ва қироати афсонаву ҳикоятҳо камари ҳиммат мебандад ва ин раванд ба тавсиаи ҷаҳонбинӣ ва нутқи озоди ӯ мусоидат мекунад. Баррасии ин вижагиҳо, ки дар ҳаёти кӯдак пайваста тағйир хоҳад ёфт, аз самтҳои асосии таҳқиқоти мост. Дар мақолаи мазкур назарияҳо ва тавсияҳои муҳаққиқони вижа мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд. Муаллиф исбот месозад ки кониёти фолклорӣ на танҳо воситаи дилхушӣ, балки усули калидии ташаккули ҷаҳони маънавии кӯдакони хурдсол мебошанд. Инчунин роҳу усулҳои самараноки истифодаи ин мероси шифоҳиро дар раванди муосири таълиму тарбияи кӯдакони хурдсол баррасӣ намуда, аҳамияти онро дар ташаккули ҳамаҷониба ва тафаккури мантиқӣ нишон медиҳад.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан