АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДОЛОГИИ АРЗЁБИИ ҶОЛИБИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ
Дар фаъолияти сармоягузорӣ, ҷолибияти сармоягузорӣ аз нишондиҳандаҳои муҳими арзёбии вазъи ин ё он соҳа маҳсуб ёфта, мавқеи муҳимро ҷиҳати қабули қарори мушаххас касб менамояд. Дар мақола бо мақсади ошкорнамоии моҳияти асосии мафҳуми ҷолибияти сармоягузорӣ , асосҳои назариявии он мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҷиҳати арзёбии ин нишондиҳанда омилҳо ва услби мавҷуда таҳлил гардидаанд. Муаллиф қайд менамояд, ки арзёбии ҷолибияти сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт тартиби ташкилию таҳлилӣ мебошад, ки мундариҷаи он бо ҳадафҳои таҳлил , хусусияти соҳаи алоҳида ва истифодаи маводи таҳқиқотӣ муайян карда мешавад ва аз мавҷудияти захираҳо барои таҳлил ва омилҳои дигар вобастагӣ дорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 3 (42)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет