АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ ТАЪСИРИ ЌАРЗДИЊЇ БА РУШДИ ИЌТИСОДИЁТ
Дар шароити иқтисодиёти бозорї қарз ҳамчун фишанги иловагии рушди иқтисодиёт маҳсуб шуда, тавассути он самтҳои афзалиятноки иқтисодї рушд ёфта, норасоиҳои захираҳои молиявї дар субъектҳои гуногуни иқтисодї бартараф карда мешаванд. Таљрибаҳо нишон медиҳад, ки дар тамоми самтҳои афзалиятноки иқтисодї норасоии захираҳои молиявї ба воситаи қарз бартараф гардида, манбаъҳои иловагї ташаккул меёбанд. Новобаста аз оне, ки қарз дар заминаи эътимод ва боварї дода мешавад, оиди моҳият ва зарурати иқтисодию иљтимоии он андешаҳои гуногун љой доранд. Аз ин лиҳоз, мубрамияти мавзуи мазкур дар иқтидори пешбурди иқтисодии қарз зоҳир мегардад ва дар мақолаи мазкур муаллиф таъсири қарзҳоро дар рушди иқтисодиёт бо дарназардошти зарурати ҳаматарафаи он мавриди баррасї қарор додааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4.2 (34)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет