АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАШАККУЛЁБИИ ИҚТИДОРИ СОДИРОТӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Дар мақолаи мазкур ҷанбаҳои назариявии ташаккули иқтидори содиротӣ мавриди пажӯҳиш ва баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷониби муаллиф муҳиммият ва саривақтии таҳқиқи ин категория, таъсири назарраси он дар тавсеаи гардиши тиҷорати хориҷӣ ва дар умум ба иқтисоди миллӣ таҳқиқ гардида, заминаҳои меъёриву қонунгузории татбиқ ва амалисозии он асоснок карда шудааст. Муаллиф исбот намудааст, ки новобаста аз таваҷҷӯҳи калони мутахассисон нисбат ба масъалаи зерин, иқтидори содиротӣ категорияи мураккаб, доманадор ва тибқи як қатор самтҳо ба таври кофӣ мавриди таҳқиқ қарор нагирифта мебошад. Ба ақидаи муаллиф, амалисозӣ ва тавсеаи иқтидори содиротӣ боиси рақобатпазир гардидани молу маҳсулотҳои ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ гардида, боиси таъсиси корхонаҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатии ба содиротнигаронидашуда мегардад. Муаллиф исбот намудааст, ки маҳз тавсеаи иқтидори содиротӣ метавонад, дар амалисозии саноатикунонии босуръати кишвар таккони ҷиддӣ бахшида, натиҷаи он воридшавии асъори хориҷӣ ба кишвар, қависозии тавозуни тиҷорати хориҷии он, афзоиши сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ мегардад. Дар маҷмӯъ, муаллиф дар ҳошияи омӯзиши ҷанбаҳои назариявии ташаккули мафҳуми иқтидори содиротӣ тавсияҳои худро пешниҳод намудаааст, ки метавонанд дар таҳқиқи асосҳои назариявии ин категория таъсири мусбӣ расонанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 2.1 (41)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет