Central AsianResearch Index

АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ ДАР БОЗОРИ МЕҲНАТ

Дар мақолаи мазкур масъалаҳои назариявии шуғли пурмаҳсул дар бозори меҳнат ва иқтисодиёт баррасӣ шудааст. Дар давраи муосир шуғли пурмаҳсул унсури муҳими рушди иқтисоди бозорӣ мебошад. Қонуният ва хусусиятҳои рушди шуғли пурмаҳсул бо механизмҳои бозории хоҷагидорӣ алоқаманд мебошад. Хусусан, фаъолияти шуғли пурмаҳсул, ки барои ба даст овардани даромад дар шакли музди меҳнат нигаронида шудааст, тақозо ба таҳияи модели иқтисодии даромади аҳолиро дорад. Механизми бозорӣ низоми таббии мунназим, ҳамоҳангсози рушд, амалигардонӣ ва тағйирпазирии бозори меҳнат ба ҳисоб меравад. Бозори меҳнат дар муқоиса бо дигар намудҳои бозори захираҳои молӣ ва бозори истеъмоли молҳо ва хизматҳо хусусиятҳои худро дорад. 0 50 100 150 200 1991 1997 2000 2005 2010 2014 2017 2019 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ Индекси рушди инсон (тибқи усулҳои анъанавӣ ҳисоб карда мешавад) Сатҳи камбизоатӣ 66 Тибқи ақидаҳои муҳаққиқон доир ба мафҳуми бозори меҳнат , мафҳумҳои маҳдуд ва васеи бозори меҳнат дар адабиёти иқтисодӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Мавҷуд ва фаъол гардидани омилҳои ғайринархии шуғли захираҳои меҳнатӣ ва зиёд будани нақши омилҳои ғайрирақобатӣ хусусияти муҳими бозори меҳнатро дар муқоиса ба дигар намудҳои бозори иқтисодӣ ташкил медиҳад. Дар шароити рақобатпазирии бозори меҳнат шуғли пурмаҳсул шакли шуғли аҳолиест, ки аз ҳисоби меҳнати пурмаҳсул барои рушди ҷомеа захираҳо бунёд карда мешавад ва барои ҳар корманд даромад меорад, ки барои такрористеҳсолӣ қувваи корӣ басанда мебошад. Дар шароити шуғли пурмаҳсул барои ҳар фарди ҷомеа, аз ҷумла нафақахӯрон, кӯдакон, маъюбон, бекорон, донишҷӯёну хонандагон бо даромади кифоятӣ, инчунин хароҷоти гуногуни давлатӣ барои инкишофи муътадили ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (28)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет