АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ
Молияи давлатӣ яке аз ҷузъҳои асосии пешбарандаи фаъолияти давлат дар амалӣ намудани барномаҳои стратегӣ, пешбурди фаъолияти муассисаҳои молиявӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки бо молия алоқаманд аст, ба шумор меравад. Бинобар ин, аз тарафи олимони 174 ватанию хориҷӣ барои таҳлили ин масъала таваљљуҳи зиёд зоҳир мегардад. Боиси қайд аст, ки гуфтаҳои дар боло зикршуда, мавзӯи мазкурро ба яке аз мавзӯъҳои ҳалталаб ва мубрами замони муосир табдил додааст. Дар тадқиқот аз тарафи муаллиф асосҳои назариявии идоракунии молияи давлатӣ дар асоси истифодаи адабиёту тадқиқотҳои олимони ватанию хориҷӣ, истифода карда шудааст. Дар мақолаи мазкур ба воситаи вожаҳои “ молия ”, “ молияи давлатӣ ” ва “идоракунии молияи давлатӣ ” муаалиф тавонистааст, ки фикру ақидаи худро оид ба вожаҳои дар боло зикршуда, пешкаши хонанда кунад. Дар итмоми мақола муаллиф оид ба идоракунии молияи давлатӣ хулосаю пешниҳодҳои мушаххас овардааст, ки дар амал татбиқ кардани он ба такмили идоракунии молияи давлатӣ оварда мерасонад.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 2 (26)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет