АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ ИДОРАКУНИИ БОЗОРИ МЕЊНАТ
Мақолаи илмӣ ба таҳқиқи масъалаҳои назариявии идоракунии бозори меҳнат нигаронида шудааст. Дар мақола сатҳи таҳқиқи масъалаи омўхташаванда дида баромада шуда, саҳми олимони хориҷию дохилӣ дар ҳалли мушкилоти бозори меҳнат нишон дода шудааст. Инчунин, нуқтаи назари мутафаккирони илми иқтисод оид ба назарияи бозори меҳнат ба низоми муайян дароварда шуда, аз натиҷаи омўзиши он хулосабарориҳо низ карда шудааст. Дар мақола паҳлуҳои барномаи кенсионии мубориза бо бекорӣ оварда шуда, қайд карда мешавад, ки корҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи бунёди инфрасохтори истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, бунёд ва таъмири роҳҳо, сохтмони беморхонаҳо ҳамчун чораҳои тактикии барнома метавонанд барои коҳиш додани бекорӣ мусоидат намоянд. Муаллиф барномаи мазкурро воситаи идоракунии бозори меҳнат арзёбӣ менамояд. Муҳаққиқ оид ба ҳолати кунунии бозори меҳнати ҷумҳурӣ ёдовар шуда, бо иллати таъсири манфии баъзе аз омилҳо паҳлуҳои ноустувории онро зикр кардааст. Дар қисмати ҷамъбастии мақола хулоса ва пешниҳодҳои характери назариявию амалидошта бароварда шудааст, ки натиҷаи таҳқиқоти гузаронидашуда мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 4.1 (29)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Русский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет