АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ИДОРАКУНӢ ВА ТАНЗИМИ ДОРОИҲОИ БОНКӢ
Идоракунии дороиҳои бонкӣ дар замони муосир яке аз проблемаҳои аввалиндараҷа дар низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, таҳлили мавзӯи мазкур мубрамияти мақоларо назаррас менамояд. Дар асоси таҳқиқи адабиёти иқтисодӣ ва осори олимони ватанию хориҷӣ муаллиф тавонистааст, ки асосҳои назариявии идоракунӣ ва танзими дороиҳои бонкиро пурра таҳлил намуда, бартарияту камбудии ин масъаларо дида барояд. Дар асоси фикру ақидаи олимон муаллиф дар мақолаи мазкур фикру ақидаи худро доир ба мафҳуми “ бонк ”, “ дороиҳои бонкӣ ” ва “идоракуниҳои дороиҳои бонкӣ ” пешниҳод намудааст. Дар итмоми мақола муаллиф доир ба танзим ва идоракунии дороиҳои бонкӣ пешниҳодҳои мушаххас намудааст, ки дар амалия татбиқи онҳоро ба мақсад мувофиқ шуморидан мумкин аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 3 (27)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет