Central AsianResearch Index

АСОСЊОИ НАЗАРИЯВИИ ФОИЗЊОИ БОНКЇ ДАР МУНОСИБАТЊОИ ИЌТИСОДЇ

Дар мақолаи мазкур муаллифон ба масъалаҳои муҳимтарини назариявии ташаккул ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ, ки тавассути фоизҳои гуногуни амалиёт ва хизматрасонӣ ифода меёбанд, таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, ҷузъиёти илмии ин масъаларо бо дарназардошти андешаҳои гуногуни олимони соҳаи иқтисодиёт арзёбӣ намудаанд. Ҳамчунин, гурӯҳбандии равандҳо ва муносибатҳое, ки сатҳи онҳоро меъёрҳои гуногуни фоиз ифода менамояд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Дар мақола фарзиёт ва ҷузъиёти асосии моҳияти иқтисодию иҷтимоии фоиз, махсусан, фоизи қарзҳои бонкӣ, ки ҳамчун муаммои доимист, мавриди таҳқиқи назариявӣ қарор гирифтааст. Аз ҳамин лиҳоз, барои мушаххасоти пурраи ин масъала муаллифон ҷузъиёти бештари гурӯҳбандии фоизҳои бонкиро бо шаклу намудҳои он, ки дар доираи амалиёти гуногун ифода ёфтаанд, мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор додаанд.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4.1 (29)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет