Central AsianResearch Index

АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ДАСТГИРИИ МОЛИЯВИИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА

Мақола ба асосҳои дастгирии молиявии соҳибкории хурд ва миёна (СХМ) бахшида шудааст, ки дар иқтисодиёти аксари кишварҳо нақши калидӣ дошта, ба ташкили ҷойҳои корӣ, навоварӣ ва рушди рақобат мусоидат мекунад. Дар кор манбаъҳои асосии маблағгузории СХМ, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ , сармояи венчурӣ, барномаҳо ва механизмҳои давлатӣ, ки ба рушди ин бахш равона шудаанд, баррасӣ карда мешаванд. Ба таҳлили мушкилоте, ки соҳибкории хурду миёна ҳангоми ҷустуҷӯи захираҳои молиявӣ дучор меоянд, инчунин монеаҳои мавҷуда барои дастрасӣ ба маблағгузорӣ диққати махсус дода мешавад. Дар мақола тавсияҳо оид ба беҳтар кардани шароит барои маблағгузории СХМ, аз ҷумла чораҳо оид ба коҳиш додани хавфҳо барои қарздиҳандагон ва татбиқи воситаҳои фасеҳи молиявӣ оварда шудаанд. Тащқиқот аҳамияти ҳамкории самараноки байни сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои молиявӣ ва худи соҳибкоронро барои фароҳам овардани муҳити мусоиди молиявӣ барои соҳибкории хурду миёна таъкид мекунад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 4.1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет