Central AsianResearch Index

АСОСҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА СИЁСАТИ ТАНЗИМУ НАЗОРАТИ АСЪОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур муаллифон масъалаҳои иқтисодию ҳуқуқии танзиму назорати амалиёти асъориро дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намудаанд. Рушди иқтисодиётро бе гардиши асъор тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро арзиши тамоми молҳо ва намуди фаъолият бо пул баҳо дода мешавад. Чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар шароити имрӯза доштани асъори миллӣ яке аз нишонаҳои давлатдорӣ мебошад.Аз ин ҳисоб вазифаҳои муҳими сиёсати молиявии давлатҳо устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ мебошад. Устувории қурби асъори миллӣ заминаҳои пойдори молиявии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини талабот бо пули барои муомилот зарурбуда пешбинӣ шудааст, то ин ки баробарии мубодилавӣ дар иқтисодиёти мамлакат риоя гардад. Муаллифон барои беҳтар намудани ин самт якчанд пешниҳод намудаанд, ки ба назар гирифтани онҳо муфид мебошад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (28)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет