Central AsianResearch Index

АСОСҲОИ НАЗАРИЯИ БАЙНОМАТНИЯТ

Дар мутолиоти адабии замони муосир муносибати миѐни матнҳои гуногуне, ки дар як маҳдудаи муайяни замонӣ ва ѐ фосилаи замонии дуре офарида шудаанд, бо истилоҳи байноматният ( интертекстуальность ) ифода мешавад. Назарияи байноматният адабиѐтшносиро моҳиятан аз назари таҳлили ҷанбаҳои ғоявию мавзӯии матн мукаммал гардонид. Ин назария аз афкори забоншиносии Михаил Бахтин сарчашма гирифта, то ба коргоҳи назарияпардозии Жерер Женет такмил ѐфта, дар мутолиоти адабпажӯҳии ҷаҳони муосир ба ҳукми анъана даромадааст. Фарзияи аввали матраҳ дар назарияи байноматният чунин аст, ки мутолиаи дақиқ ва дарки ҳамаҷонибаи ин ѐ он матни мавриди мутолиа бидуни ба эътибор гирифтани матнҳои пешин ѐ ҳамзамони муаллиф номумкин аст. Дуюм, ҳеҷ асари адабие аз осори пеш аз худ ҷудо буда наметавонад, миѐни онҳо ба навъе иртибот ҷой дорад. Сеюм, дар натиҷаи мутолиаи байноматнӣ пешматнҳои асарҳои ҷудогонаро ба таври мушаххас муайян кардан мумкин аст. Чорум, мутолиаи байноматният ҳам миѐни асарҳои аз назари мавзӯъ ҳамгуну аз назари сохтор ҳамтарҳ ва ҳам миѐни асарҳои тамоман гуногун метавонад сурат бигирад. Панҷум, барои ворид шудан ба таҳқиқ бар асоси ин назария огоҳии қаблии муҳаққиқ аз мавзӯи асар, доираи густариши он дар паҳнои адабиѐти гузаштаю муосир ва ҷаҳонбинии муаллифи асари мавриди таҳқиқ қароргирифта ва пешматн муҳим аст. Дар ин мақола асосҳои назарияи байноматният бо такя ба назарияи Жерер Женет ва дар муқоиса ба назарҳои дигар назарияпардозон таҳқиқ шудааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · Т. 91, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Узбекский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП