АСОСҲОИ МЕТОДОЛОГИИ ТАҲҚИҚИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН
Асосҳои илмӣ-методологии таҳқиқоти вазъи ҳуқуқии занон муайян карда шудаанд. Вазъи ҳуқуқии занон дар робита бо вазъи ҳуқуқии шахс, ҳамчун намуди вазъи ҳуқуқӣ, дар робита бо ҳолати воқеии занон ҳамчун категорияи иҷтимоии ахолӣ, сифатҳои биологиву физиологии занон, мавқеи занон дар ҳаёти ҷомеа таҳқиқ мешавад. Аҳаммияти таҳқиқи вазъи ҳуқуқии занон бо истифода аз усулҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ, мушаххаси таърихӣ, тамадунӣ-фарҳангӣ муайян карда мешавад. Зарурати таҳқиқоти илмии умуминазариявии вазъи ҳуқуқии занон исбот карда мешавад. Талаботи методологӣ ба таҳқиқоти вазъи ҳуқуқии занҳо муайян карда мешавад. Таъсири раванди ҷаҳонишавӣ , хатарҳо ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба вазъи ҳуқуқии занон таъкид мегардад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 97, № 4
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП