Central AsianResearch Index

АСОСҲОИ МЕТОДИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР КОРХОНАҲОИ САВДОИ ЧАКАНА

Дар мақола асосҳои методии арзёбии сифати хизматрасонӣ дар корхонаҳои савдои чакана мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Ба андешаи муаллифон, баланд бардоштани самаранокии иҷтимоии корхонаҳои савдои чакана аз сатҳу сифати хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон вобастагии зиёд дорад. Бо ин мақсад дар мақола усулҳои гуногуни арзёбии сифати хизматрасонӣ дар корхонаҳои савдои чакана муайян ва гурӯҳбандӣ карда шудаанд. Ошкор карда шудааст, аксари усулҳои мавҷудбудаи арзёбии сифат ба сатҳи қаноатмандии истеъмолкунандагон аз сифати хизматрасониҳои корхонаҳои савдо такя менамоянд, ки заминаи онҳоро моделҳои скандинавӣ ва Амрикои Шимолӣ ташкил медиҳанд. Барои арзёбии сифати хизматрасониҳои савдои чакана тавсия дода шудааст, ки усули арзёбии сифат дар асоси ба инобат гирифтани фикри истеъмолкунандагон таҳия карда шавад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 3 (27)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет