АСОСҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ РУШДИ НИЗОМИ АНДОЗ
Асосҳои институтсионалии рушди низоми андоз мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шудааст. Муайян карда шудааст, ки дар шароити муосир, қонунгузории андоз бояд на ба ҳайси як шохаи қонун, балки чун шохаи мустақили ҳуқуқ пазируфта шавад. Ғайр аз он, ақидае пешниҳод гардидааст, ки низоми қонунгузорӣ вобаста ба пайдоиш ва интихоби санадҳои меъёрӣ ва муттаҳид сохтани субъективии онҳо тибқи нишонаҳои (меъёрҳои) муайян ба гурӯҳҳо, миқёсҳо ва соҳаҳои дахлдор ташаккул меёбад. Муайян карда шуд, ки дар давоми солҳои 2015-2020 мақомоти андози кишвар 99031 санҷиш гузаронида, дар 77% санҷишҳо қонуншикании андоз ошкор кардаанд. Дар натиҷаи санҷишҳои мақомоти андоз ба буҷет зиёда аз 5 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, аз 2,6 миллион сомонӣ муҷозоти молиявӣ 2,5 миллион сомонӣ ё 48,5 фоизи маблаги ҳисобшуда ба буҷет ворид карда шудааст. Таъкид шудааст, ки хусусияти муҳимтарини иқтисоди давраи гузариш - ноустуворӣ ва рушди босуръати он боиси тагйирёбии доимии низоми умумии иқтисодӣ мегардад ва аз ин рӯ, зарур аст, ки низоми мавҷудаи андоз бо назардошти тагйирот дар иқтисодиёт ва сиёсати афзалиятҳои давлатӣ такмил дода шавад.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 4 (89)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП