Central AsianResearch Index

АШЪОРИ ШИКОЯТӢ ДАР СУРУДАҲОИ ҚОЗИИ ГУРГОНӢ

Шеъри “шикоятӣ” ё худ “шиквоия”, ки яке аз намунаҳои назми куҳани адабиёти Арабу Аҷам ба шумор меравад, баррасӣ шудааст. Ҳамчунин. дар бораи ташаккул ва густариши он дар ҳудуди Эронзамин умуман ва дар ҳавзаи адабии Гургон махсусан, маълумот дода шудааст. Қозии Гургонӣ яке аз адибони машҳури эронитабори арабизабони ҳавзаи адабии Гургон ба шумор меравад. Ин адаиби номвар аз зумраи шоиронест, ки дар ҳамаи анвои назми арабизабони форсу тоҷик ашъори зиёде сурудааст. Аз ҷумла, дар девони шоир метавон ҳамаи жанрҳои адабиро пайдо намуд, ки бо ҳунари баландии шоирӣ навишта шудаанд, ки дар миёни онҳо шеъри “шикоятӣ” ё “шиквоия” низ ҷойгоҳи баланд дорад. Инро бояд ишора намуд, ки дар мақолаи мазкур ашъор “шикоятӣ”-и Қозии Гургонӣ аз рӯи мазмун ва муҳтаво ба мавзӯҳои мухталифе чун “шикоят аз замона”, “шикоят аз мардум”, “шикоят аз пирӣ” ва “шикоят аз ёру дӯстон” тақсим намуда, сипас ҳар яки тарҷума ва таҳлил шудааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП