АШЪОРИ ОШИҚОНА-ОРИФОНАИ ВОИЗИ ҚАЗВИНӢ
Дар ин мақола ашъори ошиқона-орифонаи Воизи Қазвинӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтааст. Натиҷа ин ки шоир ба ишқ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Бинобар ин, ӯ дар ашъори худ ҳам ишқи заминӣ ва ҳам ишқи ирфониро тараннум намудааст. Ашъори ошиқонаи адиб ниҳоят самимӣ ва дилнишин аст. Қаҳрамони лирикии вай нисбат ба ёраш ниҳоят меҳрубон ва содиқ аст, ба тамоми ишваю нози маъшуқа тоб меорад, устуворию собитқадамии хешро дар назди маъшуқа нигоҳ медорад ва дар охир ба муроди дили худ мерасад. Паҳлуи дигари ашъори ошиқонаи шоирро тараннуми ишқи ирфонӣ ташкил додааст. Ин ишқ дар навъи худ хос мебошад. Дар он солик марҳилаҳои муайянеро тай мекунад, то ки ба камолоти маънавӣ даст ёбад. Шоир дар ашъори худ чеҳраи орифонаи худро бармало намуда, мисли Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ ва Ҷомӣ барин орифон ҳафт марҳилаи маърифатро ба таври вижа шарҳу тавзеҳ додааст. Воизи Қазвинӣ бо ин амалии эҷодияш дар ишқиясароиҳои пешиниён саҳм гузошта, аз ҷараёнҳои адабӣ ва аз мавзуъҳои фараҳбахши адабиёт дар канор набудани хешро собит намудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни