АШЪОРИ ИҶТИМОИИ ШОИРОНИ ҲАВЗАИ АДАБИИ ХӮҚАНД ВА ВИЖАГИҲОИ НАҚДИ ОН
Дар мақола оҳангҳои иҷтимоӣ дар осори устодони барҷастаи назми асри Х1Х дар доираи адабии Хӯқанд таҳлил карда шудаанд. Таъкид карда мешавад, ки бинобар муносибати синфии адабиётшиносии давраи шӯравӣ, бисёр шоирони мутавассит ва камҳунар чун намояндагони барҷаста муаррифӣ гардидаанд. Эҷодиёти Муҳаммадшариф Гулханӣ, ки мунаққидони шӯравии тоҷик онро баландтарин нуқтаи рушди шеъри миллӣ донистанд, намунаи равшани ин иддао мебошад. Айни замон, оҳангҳои иҷтимоӣ дар осори шоирони хеле болаёқат, аз қабили Адо, Ғозӣ ва дигарон аз ҷониби адабиётшиносон диққати ҷиддӣ дода нашудааст. Ба оҳангҳои эътироз алайҳи табақаи ҳукмрон, нобаробарии одамон, танқиди рӯҳониёни риёкор эътибори махсус дода мешавад. Таъкид шудааст, ки дар ҳавзаи адабии асри Х1Х дар Хӯқанд дидгоҳҳои нави адабӣ ва принсипҳои махсуси эстетикӣ ташаккул ёфтаанд, ки мутаассифона, то ҳол объекти омӯзиши алоҳида қарор нагирифтаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2021 · № 1 (86)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП