Central AsianResearch Index

Ҷашнгирии наврўз дар дарборҳои қадимаи шоҳони Эрон (ҷанбаи сарчашмашиносӣ)

Дар мақола таҳлили муқоисавии маълумоти муаллифони асримиѐнагӣ , ки доир ба ҷашнгирии Наврўз аз ҷониби шоҳони қадимаи эронӣ маълумот додаанд, гузаронида шудааст. Ҷанбаҳои қадимаи Наврўз , аҳамияти он ба ҳаѐти дарборӣ, инчунин аҳамияти иқтисодии он барои давлат нишон дода шудааст. Ривоятҳое оварда шудаанд, ки оид ба арзиши қадимаи Наврўз далолат мекунанд. Тартиби ҷашни Наврўз дар дарбори Сосониѐн, аз ҷумла дида баромадани шикоятҳои раъият аз ҷониби шоҳаншоҳ дар ин рўз баррасӣ шудааст. Рамзҳои Наврўз омўхта шудаанд. Нақши овозхонон, мусиқанавозон, созандагон ва масхарабозон дар рўзҳои ид нишон дода шудаанд. Дар мақола собит гардидааст, ки Наврўз ҷашни заминдорон буд. Дар замони қадим беҳдошти давлат ва хазина пеш аз ҳама ба ҳосилнокӣ вобаста буд, ба ин хотир Наврўз дар сатҳи давлатӣ ва бо риояи, расму русум ва урфу одати қадима ҷашн гирифта мешуд.

Сведения

Опубликовано
2019 · № 1 (58)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова