ҶАШНҲО ВА МАРОСИМҲОИ МИЛЛИВУ ДАВЛАТӢ ДАР МАРҲИЛАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН
Таҳлили таърихӣ ва мундариҷавии ҷашну маросимҳои миллӣ, давлатӣ, мазҳабӣ ва хонаводагӣ дар Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ се равиш мушоҳида мешавад: эҳёи суннатҳои қадимӣ, ворид намудани мазмуни нав ба ҷашнҳои замони Шуравӣ ва пайдоиши ҷашну маросимҳои нав. Зикр шудааст, ки Наврӯз ва ҷашнҳои давлатӣ бо ташаббус ва сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардида, мақоми хоса пайдо кардаанд. Ҷашнҳои Меҳргон , Сада ва Тиргон мавриди таҳлил қарор гирифта, аҳаммияти таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашнҳо, нақши онҳо дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули ватандӯстӣ ва таҳкими ваҳдат нишон дода шудааст. Таъкид шудааст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ бархе аз ҷашнҳои бегонаи даврони шуравӣ аз байн рафта, ҷашнҳои нав, ки бо соҳибистиқлолии кишвар пайванди қавӣ доранд, ба вуҷуд омадаанд
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 104, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП