АРЗЁБИИ ВАЗЪИ МУОСИРИ МАЪМУРИКУНОНИИ АНДОЗ ДАР САТҲИ МИНТАҚАВӢ
Ҷанбаҳои назариявии маъмурикунонии андоз ва арзѐбии динамикаи рушди он дар шароити имрӯза мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Мазмуни маъмурикунонии андоз шарҳу тавзеҳ ѐфтааст. Зарурати иқтисодӣ ва иҷтимоии маъмурикунонии андоз дар асоси арзѐбии динамикӣ таҳқиқ шудаааст. Муаммои баландбардории самаранокии маъмурикунонии қарзи андози минтақавӣ аз мавқеи буҷети минтақа баррасӣ шудааст. Иқтидори андозии минтақаро арзѐбии тамоюли тағйирѐбии намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ муайян менамояд. Дар заминаи таҳқиқ нишондиҳандаҳои арзѐбии динамикӣ ва сифатии фаъолияти мақомоти андоз ошкор карда шудаанд. Хулоса шудааст, шароити муосири рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба такмил ниѐз дошта, беҳтар намудани он, пеш аз ҳама, аз низоми маъмурикунонии андоз дар самти баланд бардоштани некӯаҳволии ҷомеа вобаста мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 2 (91)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП