Central AsianResearch Index

АРЗЁБИИ ТАМОЮЛИ РУШДИ БОЗОРИ КОҒАЗҲОИ ҚИМАТНОК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақола муаллифон фаъолияти бахши бозори когазҳои қиматноки кишварро мавриди таҳқиқот қарор додаанд. Бахши ниҳоят муҳими бозори молиявии кишварро таҳлил намуда, муаммоҳо ва бартариҳои дар ин самт ба даст омадаро ифшо намудаанд. Таъкид шудааст, ки бозорҳои фондӣ ҳамчун механизми фаъолияти бозори воситаҳои молиявӣ мавқеи асосиро ишғол мекунанд. Муомилоти асосӣ бо саҳмияҳо дар ин бозорҳо сурат мегиранд, маҳз дар ин ҷо нархи онҳо ташаккул ёфта, имконияти васеи ҳамкории мутақобилаи харидорону фурӯшандагон пайдо мешавад. Дар асоси нишондиҳандаҳои ҳаҷми капитализатсияи бозори қоғазҳои қимматнок, ҳиссаи сармоягузорон дар сармояи умумӣ, таносуби капитализатсия нисбат ММД тамоюли тағйирёбии бозори қоғазҳои қимматнокӣ ватанӣ арзёбӣ гардидаанд. Баъдан муаммоҳои фаъолияти бозори қоғазҳои қимматнок ошкор шуда, самтҳои баланд бардоштани самарнокии фаъолияти он бо равандҳои танзими давлатӣ асоснок шудааст.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 1, № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2310-3957
Издатель
Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана