Central AsianResearch Index

АРЗЁБИИ САМТҲОИ АСОСИИ ХАРОҶОТИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Яке аз воситаҳои муҳими давлат барои роҳандозӣ намудани сиёсати иҷтимоию иқтисодии мамлакат буҷети давлатӣ мебошад. Давлат маҳз тавассути анҷом додани хароҷоти буҷет барои таъмини иҷрои вазифаҳои иҷтимоию иқтисодии худ имкон пайдо мекунад. Рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат истифодаи маблағҳои буҷети давлатиро ҳамчун воситаи муассири танзими давлатии муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тақозо мекунад. Дар мақолаи мазкур шаклҳо ва самтҳои истифодабарии маблағҳои буҷети давлатӣ таҳқиқ шудаанд. Дар асоси таҳлили пӯё ва сохтори хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи бахшҳои гурӯҳбандии вазифавӣ самтҳои асосии амалисозии хароҷоти буҷетӣ муайян карда шудаанд. Вазъи хароҷоти ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ равонакардашудаи буҷети давлатӣ арзёбӣ карда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет