АРЗЁБИИ РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ ИҶТИМОӢ ДАР НИЗОМИ ИҚТИСОДИЁТИ МИНТАҚАВӢ
Мақолаи мазкур ба таҳлил ва арзёбии рушди инфрасохтори иҷтимоии минтақа дар соҳаи маориф ва тандурустӣ бахшида шудааст. Дар асоси методикаи омўхташуда шароитҳои базавии тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии минтақа арзёбӣ шудааст, ки имкон медиҳад сатҳи рушди онро аз ҷиҳати миқдор ва сифат нишон диҳад. Мубрамият ва аҳамияти масъалаҳои баррасишаванда бо зарурати баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолии минтақа муайян карда шудааст. Дар доираи таҳқиқот хулоса оид ба вазъи рушди инфрасохтори иҷтимоӣ коркард шудааст. Тавсияҳо ҷиҳати истифодаи амалияи усулҳои арзёбии рушди инфрасохтори иҷтимоӣ пешниҳод гардидаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 1 (40)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет