Central AsianResearch Index

АРЗЁБИИ ҚОБИЛИЯТИ ХАРИДОРИИ ДАРОМАДҲОИ ПУЛИИ АҲОЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Даромад унсури марказии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ буда, устувории қобилияти харидории он сатҳи баланди некуаҳволии шаҳрвандонро нишон медиҳад. Азбаски қобилияти харидории даромадҳои пулии аҳолӣ зери таъсири омилҳо тағйир меёбад, бинобар ин, зарурати гузаронидани таҳқиқ, муайяну ошкоркунии омилҳои манфӣ ва дарёфти имкониятҳои таъмини пардохтпазирии онҳо пеш меояд. Вобаста ба ин, дар мақола мақсад гузошта шудааст, ки қобилияти харидории даромадҳои пулии аҳолӣ арзёбӣ гардида, сабабу омилҳои ба он таъсиррасон муайян ва ошкор карда шаванд. Барои расидан ба ҳадафи дар таҳқиқот гузошташуда аз усулҳои мушаххаси таҳлилӣ-баҳодиҳӣ ва усулҳои умумиилмӣ истифода карда шудааст. Дар мақола ноустувории қобилияти харидории даромадҳои пулии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, сабабҳои асосии ҳолати мазкур ошкор карда шудааст, аз ҷумла: нокифоягии бузургии даромади зиёдшаванда ва мунтазам афзоиш ёфтани сатҳи 92 нархҳои истеъмолӣ. Сарчашмаҳои ташаккулёбии даромадҳои аҳолӣ, ки суръати баланди афзоишёбӣ доранд, ба монанди фаъолияти тиҷоратӣ ва фаъолияти мустақилонаи касбӣ пешниҳод карда шуда, зарурати фаъолияти саривақтии мақомоти зидиинҳисорӣ аз болои нархҳои молҳои ниёзи аввала ҳамчун имкониятҳои баландбардории қобилияти харидории даромадҳои пулии аҳолӣ асоснок гардидаст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 2.1 (31)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет