Central AsianResearch Index

АРЗЁБИИ НАҚШИ ИМТИЁЗҲОИ ГУМРУКӢ ДАР РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРИИ ИСТЕҲСОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақола муаллиф нақши имтиёзҳои гумрукиро дар ҳавасмандгардонии соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд. Муаллиф таъсири имтиёзҳоро ба рушди корхонаҳои истеҳсолӣ ва рақобатпазирии онҳо дар бозор таҳлил мекунад. Дар мақола қайд карда шуд, ки имтиёзҳои гумрукӣ метавонанд ба кам шудани хароҷоти истеҳсолот ва беҳтар шудани вазъи молиявии корхонаҳо мусоидат кунанд. Ин, дар навбати худ, метавонад боиси афзоиши ҳаҷми истеҳсолот , таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши иқтидори содиротии кишвар гардад. Мақола барои мутахассисони соҳаи танзими гумрук, иқтисоддонҳо ва соҳибкороне, ки ба масъалаҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Он метавонад ҳамчун манбаи иттилоот барои таҳияи тавсияҳо оид ба мутаносибкунии имтиезҳои гумрукӣ ва истифодаи самараноки онҳо ба манфиати рушди бахши истеҳсолии иқтисодиети ҷумҳурӣ истифода шавад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 4 (43)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет