Central AsianResearch Index

АРЗЁБИИ НАҚШИ ДАРОМАДҲО ВА ПАСАНДОЗҲОИ АҲОЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ ИҚТИДОРИ САРМОЯГУЗОРИИ КИШВАР

Дар мақолаи мазкур нақши даромадҳо ва пасандозҳои аҳолӣ дар ташаккули иқтидори сармоягузории кишвар мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор гирифтааст. Дар раванди таҳлил ҳолат ва тамоюлҳои рушди даромадҳои аҳолӣ арзёбӣ гардида, таносуби байни даромад, хароҷот ва пасандозҳои аҳолии мамлакат пешниҳод гардидааст. Қайд гарддааст, ки дар таркиби даромадҳои аҳолӣ нақши маблағҳои интиқолӣ бузург арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, маблағҳои интиқоли пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ва нақши онҳо дар ташаккули даромад ва пасандозҳои аҳолӣ баҳодиҳӣ гардида, асоснок карда шудааст, ки маблағҳои интиқолӣ сарчашмаи муҳими ташаккулдиҳандаи даромад, пасандоз ва сармоягузории аҳолӣ ва омили пасткунандаи сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб меравад. Зимни таҳқиқ динамикаи даромадҳои пулӣ, пасандозҳои аҳолӣ ва сармоягузориҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010-2022 таҳлил ва тамоюлҳои рушди онҳо баҳодиҳӣ гардидааст. Ҳамзамон, коҳишёбии нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ ва вобастагии он аз афзоиши ММД ва рушди воқеии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок гардидааст. Дар натиҷаи таҳқиқ ва таҳлили масоили мазкур ҳаҷми захираҳои молиявӣ ва иқтидори сармоягузории аҳолии мамлакат муайян карда шуда, таносуби захираҳои молиявӣ ва сармоягузориҳои аҳолӣ нисбат ба ММД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар таъмини руди иқтисодӣ арзёбӣ гардидааст. Муаллиф бар он назар аст, ки дар низоми иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши пасандозии аҳолӣ ҳамчун сарчашмаи захираҳои қарзии низоми бонкӣ афзоиш меёбад ва он бояд дар марҳилаи муосир захираи муҳимми сармоягузорӣ ҳисобида шавад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 4 (43)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет