Central AsianResearch Index

АРЗЁБИИ ИҚТИСОДӢ-ОМОРИИ БОЗОРИ ҚАРЗИ БОНКӢ ДАР МИНТАҚАҲО

Дар мақола самтҳои асосии бозори қарзи бонкӣ дар минтақаҳо ҳамчун нишондиҳандаи калидии омори макроиқтисодӣ, қарзгузории бонкҳо дар минтақаҳо бо пули миллӣ, баҳои омории самараноки бозори қарз, иқтидори таъминокии қарз дар минтақаҳо ва истифодаи амалии натиҷаҳои бадастомада баррасӣ карда шуда, дар такя ба мавқеи илмии олимони ватанию хориҷӣ масъалаи мазкур мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст. Собит карда шуда аст, ки арзёбии омории бозори қарз ва иқтидори таъминокии қарз дар минтақаҳои Ҷумҳурии Точикистон тавассути таҳлили омории сохторӣ ба даст оварда мешавад. Қайд карда мешавад, ки бозори қарзи бонкӣ яке аз унсурҳои таркибӣ ва мустақили бозори молиявӣ буда, ҳамчун омили устуворгардонии нишондиҳандаҳои рушди макроиқтисодӣ ва умуман, иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Бозори рушдкардаи қарзи бонкӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити созгорро ба вуҷуд меорад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 1 (40)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет