Central AsianResearch Index

АРЗЁБИИ ХАРОЉОТИ ИСТЕЪМОЛИИ ХОЉАГИЊОИ ХОНАВОДАГЇ ДАР ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар мақола харољоти истеъмолии хољагиҳои хонаводагии Љумҳурии Тољикистон мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Мубрамияти мавзуи таҳқиқотро нокифоягии неруи молиявии хољагиҳои мазкур ва зарурати устуворгардонии пардохтпазирии онҳо тасдиқ менамояд. Қайд карда мешавад, ки дар сохтори харољоти аҳолии Љумҳурии Тољикистон ҳиссаи харољоти истеъмолї нисбат ба кишварҳои хориљї баланд мебошад. Дар мақола се унсури асосии харољоти истеъмолї зери таҳқиқ қарор дода шудааст: харољоти маводи озуқаворї, харољоти маводи ғайриозуқа, харољоти пардохти хизматрасонї. Муаллиф қайд менамояд, ки суръати афзоиши сатҳи нархи молҳои ниёзи аввал дар кишвар нисбат ба афзоиши ҳаљми физикии онҳо бамаротиб баланд гардидааст, ки ҳолати мазкур дар таҳқиқот ҳамчун омили манфии афзоиши харољоти истеъмолї ва коҳишдиҳии неруи молиявии хољагиҳои хонаводагї арзёбї карда мешавад. Њамчунин, дар рафти таҳқиқот тамоюли афзоишёбии дигар моддаҳои харољоти истеъмолї муайян карда шудааст. Дар таҳқиқоти гузаронидашуда номутаносибии рушди иқтисодї ва сатҳи некуаҳволии мардум аз мавқеи афзоиши арзиши зиндагии аҳолї муайян ва ошкор гардидааст. Дар қисмати ҷамъбастии мақола мушкилоти объекти омўхташуда ошкор гардида, роҳҳои бартарафкунии он пешниҳод шудааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 1 (35)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет