Central AsianResearch Index

АРЗЁБИИ ДАРОМАДЊО ВА ХАРОЉОТЊОИ ПУЛИИ АЊОЛИИ КАМТАЪМИН ВА БЕШТАРТАЪМИН

Дар мақола даромадҳо ва харољоти пулии аҳолии камтаъмин ва бештартаъмин мавриди таҳлилу арзёбї қарор дода шудааст. Рўзмаррагии таҳқиқоти анљомдодашуда ба он асоснок карда шудааст, ки даромадҳо ва харољоти пулии аҳолї на танҳо сатҳу сифати зиндагиро тавсиф менамоянд, балки тамоюли онҳо дараљаи қаноатбахшї ва норасоии дигар нишондиҳандаҳои ҳаёти иљтимоию иқтисодии аҳолиро ифода менамояд. Таҳқиқот дар асоси маълумоти омории нишондиҳандаҳои асосии тадқиқоти буљети хонаводаҳои Љумҳурии Тољикистон оид ба даромад ва харољоти пулии аҳолии 10%-аи камтаъмин ва бештартаъмин гузаронида шудааст. Дар натиљаи таҳлилу арзёбии нишондиҳандаҳои зикршуда қобилияти пасти рўзгузаронии аҳолии 10%-аи камтаъмин ошкор карда шудааст. Қайд карда мешавад, ки дар шароити имрўзаи љумҳурї бузургии даромадҳои аҳолии бештартаъмин низ ба сатҳи қонеъгардонии нишондиҳандаҳои зиндагии арзанда нарасидааст. Бинобар ин, љиҳати ҳалли мушкилоти љойдошта аз љониби муаллиф хулосаҳои илмї ва тавсияҳои амалї пешниҳод гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 3 (37)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет