АРЗИШИ АДАБИИ ҶИЛДИ СЕЮМИ «МУНТАХАБУТ-ТАВОРИХ»И БАДОУНӢ
Дар мақола ҷанбаи адабиву тазкиравии «Мунтахаб-ут-таворих» -и Абдулқодири Бадунӣ бо мисолҳои мушаххас нишон дода шуда, мақоми он ба сифати сарчашмаи муҳимми адабӣ нишон дода шудааст. Қайд карда мешавад, ки Бадоунӣ аз донишмандони пуркори охири асри XVI буда, бо осори арзишманди худ дар ривоҷу равнақи адабтиёти форсизабони Ҳиндустон саҳми беназир гузошта, сабки хоси баён дорад. Дар мақола доир ба ҷилди сеюми асари таърихии Бадоунӣ «Мунтахаб-ут-таворих» изҳори назар шуда, муаллиф дар бораи ҳакимону олимон ва шоирон маълумоти ҷолибу тозае додааст, ки дар китобҳои дигари таърихӣ чунин иттилоот дида намешавад. Аз ин рӯ, иттилои муаллифи китоб беаҳамият нест ва дар омӯзиши адабиёти форсизабони Ҳинд матолиби муфид дорад.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 3 (76)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова