ҲАРИВАНШ РАЙ БАЧЧАН ВА НАҚШИ Ӯ ДАР НУФУЗИ ЖАНРИ РУБОӢ ДАР АДАБИЁТИ МУОСИРИ ҲИНДУСТОН
Мақолаи мазкур ба нақши Ҳариванш Рай Баччан дар густариш ва таҳикими мавқеи жанри рубоӣ дар адабиёти муосири Ҳиндустон бахшида шудааст. Муаллиф бо такя ба таҳлили муқоисавии рубоиёти Умари Хайём ва асари машҳури Баччан “ Майхона” ( मधुशाला) вижагиҳои сохторӣ, маъноӣ ва фалсафии ин ду падидаи адабиро шарҳ додааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи таъсири анъанаи рубоии форсӣ-тоҷикӣ, махсусан ҷаҳонбинии фалсафии Хайём ба эҷодиёти Баччан равона гардидааст. Таҳлил шудааст, ки Баччан на танҳо баъзе унсурҳои шаклӣ ва рамзии рубоиро қабул кардааст, балки онҳоро дар заминаи фарҳанг, тафаккур ва воқеияти маънавии Ҳиндустон аз нав маънидод намудааст. Дар мақола нишон дода шудааст, ки “ Майхона” ( मधुशाला) бо вуҷуди таъсирпазирӣ аз рубоиёти Хайём, асари мустақили бадеӣ буда, дар он рамзҳои май , майхона, соқӣ , ва пиёла мазмуни тоза гирифта, ба воситаи баёни масъалаҳои ҳаёт, марг, озодӣ, худшиносӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат табдил ёфтаанд. Ҳамчунин вижагиҳои қофиябандӣ, сохтори дохилӣ, такрори образҳо ва нақши онҳо дар ташккули низоми маъноии асар таҳлил шудаанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан