Central AsianResearch Index

АРХЕОЛОГИЧЕСКИЕ ПАМЯТНИКИ НИЯЗБЕКА: ПРОБЛЕМЫ ИЗУЧЕНИЯ, ОХРАНЫ И РЕСТАВРАЦИИ

Мақола ба масъалаҳои омӯзиши ёдгориҳои бостонии Ниёзбек ва ҳифзи онҳо бахшида шудааст. Муаллиф қайд мекунад, ки боқимондаҳои девори Кампирдевол ва қабристон дар наздикии деҳаи Ниёзбек (ноҳияи Конибодом) барои таърихи халқи тоҷик аҳаммияти муҳим доранд. Кампирдевол ва қабристон як маҷмааи ягонаи археологиро ташкил медиҳанд. Мувофиқи маълумоти археологӣ, маҷмаа ба асрҳои II I то милод асрҳои V VII мелодӣ тааллуқ дорад. Эҳтимол, Кампирдевол як иншооти қалъавии давлати қадимаи Давон буд, ки воҳаи Фарғонаро аз ҳамлаҳои қабилаҳои кӯчманчӣ муҳофизат мекард. Бо таъсири омилҳои беруна вазъи ёдгориҳои археологӣ бадтар мешавад. Муаллиф як қатор чорабиниҳо ва тавсияҳои фавриро барои омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии ёдгориҳои бостонии Ниёзбек пешниҳод кардааст. Ёдгориҳои археологӣ метавонанд дар хатсайрҳои сайёҳӣ нуқтаҳои муҳим бошанд.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2025 · № 2 (42)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Русский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА