Central AsianResearch Index

АНВОИ ФАХРИЯ ДАР «ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

Дар мақола муаллиф кӯшиш намудааст, ки анвои гуногуни фахрияро дар “Шоҳнома” -и Абулқосим Фирдавсӣ нишон диҳад. Муаллиф хулоса мекунад, ки дар шаст ҳазор байти ин шоҳасар мо байтҳоеро вомехӯрем, ки дар он шоир аз ҳунари шоирӣ , маҳорати образофаринӣ , донандаи хуби адабиёти паҳлавӣ ва достонҳои қадим будани худ ва фахрияҳои шиквоия сухан меронад. Дар мақола намудҳои зерини фахрия дар " ;Шоҳнома&# 34; баррасӣ мешаванд: фахр аз ҳунари шоирӣ (Фирдавсӣ борҳо маҳорати худро дар офаридани ривоятҳои ҳамосӣ бо истифода аз забони ғанӣ ва тасвирҳои равшан таъкид мекунад), фахр аз мусаллат буданаш ба ривоятҳои қадимӣ (шоир достон ва воқеаҳои бостониро хуб медонист ва онҳоро моҳирона ба шакли шеърӣ табдил додааст), фахр аз дониши забони паҳлавӣ (Фирдавсӣ аз донистани забони паҳлавӣ, ки забони аксари сарчашмаҳои “Шоҳнома&# 34; буд, ифтихор мекунад), фахр аз маҳорати офаридани образҳо (шоир аз ҳунари офаридани образҳои мондагор, бахусус образи Рустам, меболад), фахри шиквоия (дар баъзе маврид шоир аз пиронсолӣ шикоят мекунад, аммо ҳатто дар ин шикоятҳо ифтихор аз умри ҷавонӣ дида мешавад) ва ғ. Таъкид карда мешавад, ки Фирдавсӣ, сарфи назар аз хоксориаш, анвои фахрияро барои барҷаста кардани аҳаммияти эҷодиёташ ва аз ҳасудани замона дифоъ намудани ин шоҳасари миллӣ истифода бурдааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни