АНВОИ БАҲРҲОИ СОЛИМИ АРУЗӢ ДАР АШЪОРИ САФАР АМИРХОН
Вазн дар шеъри муосири форсӣ-тоҷикӣ, бахусус шеъри тоҷикии даврони Истиқлол низ, ҷойгоҳи хоссаву назаррас дошта, аз унсурҳои зотии шеър ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки зимни гуфтани шеър суханварони муосир дар баробари дигар вижагиҳои сохтории шеър ба дурустии вазни он низ диққати махсус медиҳанд. Тавре таҳқиқ дар ашъори Сафар Амирхон нишон медиҳад, ӯ аз ҷумлаи шоиронест, ки нисбат ба вазни шеъри худ ҳеч гоҳ бетафовут набуда, аз камбуду норасоии вазнӣ дар шеър ҳамеша дурӣ меҷӯяд. Дар ин мақола муаллиф саъй кардааст, ки дар мисоли ашъори маҷмуаи мукаммалтарини шеърии Сафар Амирхон «Пайғом» ҷойгоҳи баҳрҳои солими арузиро дар шеъри ӯ муайян намояд. Аз натиҷаи таҳқиқ маълум мегардад, ки аз ҷумлаи ҳама баҳрҳои солим дар ашъори шоир баҳрҳои Ҳазаҷ ва Рамал зиёдтар истифода гардидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 10, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан