Central AsianResearch Index

АНДОЗ АЗ ДАРОМАДИ ШАХСОНИ ВОЌЕӢ ВА НАЌШИ ОН ДАР ЃАНЇ ГАРДОНИДАНИ БУЉЕТИ ДАВЛАТЇ

Дар мақолаи мазкур нақши андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ, таҷрибаи мамлакатҳои хориҷии дуру наздик мавриди таҳқиқот қарор дода шудааст. Динамикаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар маҷмӯи воридоти андозии буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Дар таҳқиқоти илмии мазкур андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар буриши солҳо таҳлил карда шуда, тағйирёбии он мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Қайд гардидааст, ки андоз аз даромади 16 шахсони воқеӣ яке аз андозҳои мустақим ба шумор рафта, ба қатори андозҳои умумидавлатӣ дохил мешавад. Дар кори илмӣ оварда шудааст, ки иҷроиши қисми даромадҳои буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз аз даромад аз вазъи иқтисодии аҳолии қобили меҳнат вобастагии зиёд дорад.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 1 (25)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет