АНДЕШАҳОИ СИЁСИИ АРДАШЕРИ БОБАКОН ДАР БОРАИ ЧАНДЕ АЗ МАСЪАЛАҳОИ ДАВЛАТДОРӣ
Мақола ба баррасии афкори сиёсии Ардашери Бобакон оид ба баъзе масъалаҳои давлатдорӣ бахшида шудааст. Гуфта мешавад, ки дар адабиёти арабу мусулмонӣ Ардашери Бобакон чун сиёсатмадор ва давлатмарди варзида шинохта мешавад. Мулоҳизаҳои Ардашер дар бораи давлат ва давлатдорӣ асосан дар “Аҳди Ардашер ”, сипас “Тоҷнома” ва сипас дар чанде аз китобҳои адабӣ оварда шудаанд. Муаллифи мақола таъкид намекунад, ки ин ҳама мулоҳизаҳоро Ардашер гуфтааст, вале инкор ҳам намекунад, ки мулоҳизаҳо андешаҳои Ардашер мебошанд. Муаллиф агар андешаҳои Ардашери Бобакон ва ё андешаҳо мансуб ба ин шоҳаншоҳро табақабандӣ намуда, таъкид менамояд, ки вай дар бораи давлату давлатдорӣ дар адабиёти арабу мусулмонӣ ба чанд нукта эътибори бештар дода шудааст. Пеш аз ҳама, ба тартиби интихоб ва таъйин намудани валиаҳд эътибор медод Ардашер мувофиқ набуд, ки дар идораи давлатӣ хешовандсолорӣ ( непотизм ) аҳамияти бештар аз лозима дошта бошад. Ардашер шояд аз нахустин подшоҳони Сосонӣ буд, ки мусибати бекориро барои подшоҳӣ ва ҷомеа фаҳмида буд. Ардашер ба идеология( дин ) эътибори хоса медод ва шоҳаншоҳе буд, ки ба оини зардуштӣ мартабаи расмӣ дода буд. Аз дастурҳои иқтисодии Ардашер месазад дастури ӯ оид ба дахолатнопазирии моликияти хусусӣ ва инчунин аз хазина ҷудо намудани ёрона ба осебдидагонро таъкид кард. Ва ахиран, Ардашер тақрибан барои фарзандони табақаҳои муайяни ҷомеа таълими ибтидоии ҳатмӣ ҷорӣ карда буд.
Сведения
- Опубликовано
- 2020 · № 3 (64)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова